Боэътимод, ғамхорона ва босифат — хизматрасонии тиббӣ дар Душанбе

Гурӯҳи масъули табибон ва мутахассисон барои ҳифзи саломатӣ ва беҳбудии шумо бо садоқат ва дониши касбӣ ба мардуми Тоҷикистон хизмат мерасонанд.

Дармонгоҳи чашм

Дармонгоҳи чашми SolimMed хизматрасонии махсуси тиббии чашмро бо истифода аз дониш ва таҷрибаи байналмилалӣ пешниҳод мекунад. Мо мекӯшем, ки ҳар як беморро бо эҳтиром ва ғамхорӣ қабул намуда, барои бемориҳои гуногуни чашм муолиҷаи муосир ва босифат пешниҳод кунем.

Хизматрасониҳои мо:
» Муоинаи чашм ва санҷиши биноӣ
» Ташхис ва табобати глаукома, катаракта ва бемориҳои шабакияи чашм
» Интихоб ва таъини айнак, инчунин машварат оид ба линзаҳои тамосӣ
» Муоина ва табобати бемориҳои чашм дар кӯдакон ва калонсолон
Хуш омадед ба дармонгоҳи SolimMed дар Душанбе!

Дармонгоҳи тиббӣ ва кӯдакона

Дармонгоҳи ёрии аввалияи тиббии мо ҷойест, ки шумо метавонед барои масъалаҳои саломатии худ бо боварӣ муроҷиат кунед. Аз муоинаҳои муқаррарӣ то мушкилоти мураккаби саломатӣ — табибони мо ба шумо бодиққат гӯш медиҳанд, вазъияти шуморо мефаҳманд ва дар бораи саломатии шумо ва аҳли оилаатон ғамхорӣ мекунанд.

Хизматрасониҳои мо:
» Машварати табиб ва муоинаи умумии саломатӣ
» Муоина ва табобати махсуси бемориҳои сироятӣ
» Назорат ва табобати бемориҳои музмин
» Ташхисҳои тиббӣ: ЭКГ, таҳлили пешоб, санҷиши қанди хун, спирометрия, УЗИ-и нуқтаи нигоҳубин (POCUS) ва ғайра
» Амалиётҳои хурди тиббӣ
» Роҳхат барои гузаронидани ташхисҳои иловагии тиббӣ
» Додани маълумотномаҳои тиббӣ

Ба мо занг занед

Лутфан, ба мо занг занед ё тавассути WhatsApp паём фиристед.
Чашмпизишкӣ / Офис асосӣ:
+992 988 43 9764
Клиникаи тиббӣ ва кӯдакона:
+992 977 64 9764

Соатҳои корӣ

We serve patients Monday-Friday. See each clinic’s specific schedule:
Eye Clinic hours
Primary Care Clinic hours

Адреси мо

Solim Med,12 Zikrullo Hojaev St. Dushanbe, Tajikistan 734003
Солим Тиб, ул. Зикрулло Хочаева 12, Душанбе, Тоҷикистон 734003